БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗАБОНИ МАН ҲАСТИИ МАН»

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Коллеҷи тиббии хусусии «Даво»-и шаҳри Бохтар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Конференсияи илмӣ таҳти унвони «Забони ман ҳастии ман» баргузор гардид.
Бояд зикр кард, ки конференсия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Дар конференсия Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Амиралӣ Ташрифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Сафаралӣ Муродзода, директори Коллеҷи тиббии хусусии «Даво», Озода Раҳматова ва Рустам Зоиров омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Нахуст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб суханронӣ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд. Зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо пуштибонӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати забони давлатӣ беш аз пеш баланд гардида, он ба омили муҳими ваҳдат, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст.
Забон барои гузаштагони мо рамзи ифтихор аз Ватан ва миллат буда, то имрӯз ҳамчун ганҷи бебаҳо ба наслҳои имрӯза расидааст. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди соҳибмаърифат он аст, ки забони модариро бо покиву беолоиш ҳифз карда, онро ба наслҳои оянда ҳамчун мероси муқаддас бигузорад.
Озода Раҳматова, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, зимни баромади хеш ироа дошт, ки забон бузургтарин неъмат ва воситаи асосии муоширати инсонҳост. Ба гуфтаи ӯ, забон на танҳо воситаи гуфтор, балки оинаи фарҳанг, таърих ва ҷаҳонбинии миллат мебошад. Миллате, ки забонашро пос медорад, гузаштаву ояндаи худро ҳифз мекунад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки тавассути забон тамоми арзишҳои маънавию фарҳангӣ, осори илмию адабӣ ва ҷаҳонбинии халқ ба наслҳои оянда интиқол меёбанд. Забони модарӣ аз лаҳзаи нахустини зиндагӣ инсонро ҳамроҳӣ карда, дар ташаккули шахсияти ӯ нақши калидӣ мебозад.
Дар рафти конференсия дигар баромадкунандагон низ андешаҳои арзандаи худро оид ба бузургӣ ва мақоми забони давлатӣ, зарурати ҳифзу рушди он ва нақши калидияш дар истиқлолияти фарҳангиву миллӣ баён карданд.
Ҳамчунин, бояд ёдовар шуд, ки баромадкунандагон омӯзгоронро ба муносибати Рӯзи иди касбиашон шодбош гуфтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор омӯзгорон ва фаъолони ҳизб бо мақсади қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳояшон ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар тақдим карда шуд.
Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg