
Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон курси омӯзишии навбатии “Пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Шукрона Маҳмадаллизода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, инчунин гурӯҳи фаъоли шунавандагони курси омӯзишӣ иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳадафи баргузории чунин курсҳо баланд бардоштани дониш ва ҷаҳонбинии сиёсиву иҷтимоии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ташаккули шахсияти созанда ва тарғиби пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, нақши онҳо дар рушди устувори ҷомеа, арзишҳои милливу давлатӣ ва тарбияи ватандӯстӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шукрона Маҳмадаллизода, зимни баромади хеш қайд кард, ки таваҷҷуҳи доимӣ ва меҳварии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боис гардид, ки имрӯз ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод дар низоми идоракунии давлатӣ бо ишғоли мансабҳои баланди хизмати давлатӣ фаъолияти назаррас намуда, дар заминаи сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд.
Чорабинӣ бо суханрониҳои судманд, мубодилаи таҷриба ва пешниҳоди роҳҳои амалии ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар анҷом ёфт.
“Ҳамрози халқ”