ХУРОСОН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз ёфта, ин амал рисолати ҷавонмардии мо ба ҳисоб меравад. Ҷойи ифтихор ва шукргузорист, ки баъд аз ҳазор сол мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихӣ моро зарур аст дар ҳимояи Ватан ва ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем.