![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20190917_085946.jpg?itok=osjPBa8g)
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамъияти матлубот” хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Зимни баромад масъулин дар бораи сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон сухан гуфта, қайд карданд, ки агар мо ба дурустӣ андеша кунем, манбаҳои таъсиси ҷойи кор дар Тоҷикистон фаровон аст ва захираҳои моддиву имкониятҳои мавҷуда барои ҳамаи сокинон шароити кору фаъолиятро фароҳам овардааст.
Бояд ҳосилнокии зироатҳо баланд бардошта шавад, соҳаи тухмипарварӣ рушд кунад, масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда зиёд карда шавад ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти он чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешида шавад.
Баъдан дар охир аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳадафи асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, алалхусус ҲХДТ таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва пешрафта гардидани Ватани азизамон мебошад. Мардуми шарафманди Тоҷикистонро лозим аст, таҳти сиёсати Пешвои миллат камари ҳиммат баста, дар рушду нумуи кишварамон саҳми муносиб гузоранд.