БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕАИ МУОСИР ХАВФИ БУЗУРГ ДОРАНД!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Меҳргон”-и  Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин КИ ҳизбии ноҳия  дар назди ҷамъомадагон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ,  пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, шомилшавии бархе аз шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  ҳарф  зада, зикр  карданд, ки  ҷомеаи муосир пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат гирифта,  экстремизму  терроризм низ дар шаклу қолабҳои  нави харобиовар  зуҳур карда истодаанд.

Инчунин, дар идома  дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ба дарки ҳамагон расонида шуд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg