БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СӮИ РӮШНОӢ РОҲ КУШОД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати ба дарки сокинон расонидани моҳияти ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷайралӣ”  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид ва дар он намояндагони ҳизбӣ аз  пешрафт, рушду тараққиёти мамлакат дар давраи соҳибистиқлолӣ,  аз ҷумла   наздик омадан ба  истиқлолияти  комили энергетикӣ  ёдоварӣ намуданд. Таъкид карданд, ки  мо мардуми хушбахт ҳастем, ки дар давраи начандон тӯлонӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидем ва ин ҳама  бевосита аз  заҳмату талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гувоҳӣ медиҳад. Месазад мо шаҳрвандон ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, ҷавобан бо амалҳои созанда  барои боз ҳам  ободу зебо гардидани Ватани азизамон меҳнати софдилона кунем.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба маблағи 2600 сомонӣ барои муассисаи таълимии деҳа  масолеҳи таъмирӣ кумак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg