ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз вохӯрии навбатии намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи “Лақай Қармишев” баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ, дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз-ба истифода додани агрегати дуюми НБО-и Роғун, ки барои мардуми шарафманди тоҷик боз як санаи таърихӣ мебошад, суханронӣ намуда, пешрафту шукуфоии Ватанро самараҳои бобарори Истиқлолияти давлатӣ ва хизматҳои беназири Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.
Дар фарҷом вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳи асосии муассисаи таълимии деҳаро аз нав таъмир намуданд, ки дар рафту омади хонандагон дар фасли сармо кумак хоҳад расонд.