КӮЛОБ. Дар натиҷаи талошҳои пайгирона ва созандаи Президенти мамлакат соҳаи сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳиму ояндадорӣ иқтисоди миллӣ аҳамияти тозаро касб намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат пайваста зиёд мегардад.
ЁВОН. Дирӯз дар толори шуъбаи маорифи ноҳия бо иштироки директорони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ дар мавзӯъи «Тафаккури наврасону ҷавононро аз ҳуҷуми гуруҳҳои экстремистиву террористӣ муҳофизат мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.
ДӮСТӢ. Бо мақсади муарифии ҳунарҳои шоистаи сокинони ноҳия дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз тарафи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст имрӯз аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид
ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабинии навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони деҳаи Меҳробод 4-и ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ анҷом дода шуд.
ВАХШ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли равон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳи нав-1"-и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод вохӯрӣ доир карда шуд.
БАЛҶУВОН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо сокинони деҳаи Турко суҳбат атрофи самтҳои афзалятноки фаъолияти ҳизб ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумию татбиқи Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва ҷиҳати эҳё намудани анъанаҳои миллию ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи маънавии ҷавонону наврасон, мустаҳкам намудани дӯстиву бародарӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи н
КӮЛОБ. Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди маҳаллаю деҳаҳо чорабиниҳои рангину ҷолиб баргузор намуда истодааст.Бо ин мақсад бо иштироки сокинони деҳа дар деҳаи Корези болои ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.
ЁВОН. Дар деҳаи Ҳасании ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон ва дар доираи Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва инчунин эълон гардидани Соли робита бо маҳал чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бомаром идома ёфта истодаанд. Ин навбат кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Гулистон 1-и ҷамоати деҳоти Гулистон бо иштироки сокинони деҳа чорабинии фарҳангӣ баргузор намуданд.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12