БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз фиребу найрангҳои ТЭТ ҲНИ хабардоранд!

А.ҶОМӢ. Тибқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳои кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимсолаи дуюми соли 2018, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қ.Ғиёсов»-и ҷамоати деҳоти  ба номи Қадриддин Ғиёсов, хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳолимов Муҳаммаддовуд иштирок намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар щамчун Соли рушди сайёҳи ва хунарҳои мардумӣ,  Соли тақвияти робита бо маҳал, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, озмунҳои ҳизбӣ, ҳадафҳои муғризонаи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ андешаронӣ карда, аз ҷамъомадагон  ҷиҳати аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ даъват ба амал овард.

Дар охир  иштирокдорон доир ба даъвати Муҳаммаддову Ҳалимов  зикр карданд, ки  мо дигар ба фиребу найрангҳои  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дода намешавем ва намегузорем, ки ягон нохалафе фазои орому осудаи моро халалдор созад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg