БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаҳои мусоиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд овард

ВОСЕЪ. Дар маҳаллаи дурдасти Чорводорони ҷамоати деҳоти  ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва бо иштироки сокинони маҳал чорабинии сиёсиву фарҳангии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ мутахасиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба сокинони деҳа маълумоти муфассал дод. Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабова Шаҳноза қайд намуд, ки миллати тоҷик аз қадимулайём дӯстдори сайру саёҳат, фарҳанг ва ҳунарҳои миллии хеш буданд, бахусус наврасону ҷавонон дар роҳи пайдо кардани маълумоти беш аз таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба боздиди ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва ба омӯхтани ҳунарҳои миллӣ завқи баланд ва хоҳиши зиёд доранд.

Бинобар ин ҳар як падару модарро зарур аст, ки ба фарзандони худ шароитҳои хуби омӯзиш муҳайё созанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg