БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии чорабиниҳо бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумию Соли тақвияти робита бо маҳал ва амалишавии Аксияи тарғиботӣ-амалии таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар деҳаи Корези поёни ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар рафти он сокинони деҳаи мазкур бо як хушнуди маҳсули дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Зимнан, дар чорабинӣ мудири САҲШ-и вилояти Хатлон Сафарова Зинат, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул аз рафти намоиши мазкур дидан намуданд.

Нахуст, Валиева Саъбагул баромад намуда, қайд кард, ки бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳар як деҳаю маҳаллаҳои шаҳр дар ҳамбастагӣ бо сокинон пайваста чунин чорабиниҳоро ташкил ва роҳандозӣ менамояд. Маҳз баргузории чунин чорабиниҳо барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек замина хоҳад гузошт.

Дар қатори ин дигар иштирокчиёни ҳамоиш ба сухан баромада, назаррас будани нақши ҲХДТ-ро дар амри созандагию бунёдкорӣ, таблиғи дастовардҳои ҷумҳурӣ ва таҳкими сулҳу субот муҳим арзёбӣ намуданд.

Чорабинӣ бо намоиши барномаи фарҳангӣ аз ҷониби сокинон ба анҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg