ВОСЕЪ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия пайваста дар байни аҳолӣ вохӯрию мулоқотҳоро баргузор намуда истодааст.
Ин навбат дар деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Гулистони оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза дар назди сокинон атрофи ҳунару ҳунармандӣ, омӯзиши ҳунарҳои миллӣ андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳунар зодаи дониш аст, илму хирад ҷаҳонро равшанӣ мебахшанд.
Сокинони ҷамоати мазкур аз чорабинии доиргардида хеле қаноатманд гардида қайд намуданд, ки ояндаи Тоҷикистон бо мардуми ҳунарвару ҳунармандаш дурахшон аст ва мо дар якҷоягӣ таҳти Сарварии хирадмандонаи Пешвои миллатамон зина ба зина ба дастовардҳои бузург ноил гашта истодаем.