Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати таъмини иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тропикӣ»-и ноҳия хониши сиёсӣ доир гардид.
ПАНҶ. Яке аз масъалаи муҳиме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон мавриди баррасӣ қарор доданд, таъмини амнияти озукаворӣ буда, қайд намуданд, ки бо роҳи ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардошт
НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Далдахӯрони сурхи ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри норак Савзалӣ Зоиров ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғафурзода Фирдавс чорабинии фарҳавнгӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқшуда дар маҳаллаи Рӯзиободи ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки васеъи аъзо ва ҷонибдорон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади сафарбар намудани аҳолӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.
МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Хирготароши ҷамоати деҳоти Чилдухтарон тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони деҳаи Хирготарош бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
КУШОНИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар заминаи Аксияи тарғиботӣ амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба хотири тозаю озода нигоҳ доштани деҳаю маҳаллаҳои зисти ноҳия ҳашари умумӣ таҳти унвони "Тозагиву озодагӣ мароми мо ҳизбиён аст" эълон намудааст.
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ дар мавзуи “Муқовимати ту бо коррупсия аҳамияти калон дорад” баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” Тавакалов Ҷалил иштирок ва суха
ҚУБОДИЁН. Дар деҳаи Ҳаваскори ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ доир гардид.
ДӮСТӢ. Бо мақсади фаъол гардонидани сокинон ва ҷалби бештари онҳо ба хоҷагидорию кишоварзӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи «Эшбек Сатторов» соати сиёсӣ гузаронида шуд.
ДАНҒАРА. Созандагиву бунёдкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, риояи қонунҳои миллӣ, иттилоотнокии аҳолӣ дар доираи мафкураи зиддикоррупсионӣ, роҳвндозии механизмҳои кори барои расидан ба зиндагии шоистатар барои мардуми кишвар мавзӯъҳои таваҷҷуҳпазир ва рӯзмарра ба ҳисоб меравад.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12