БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занону бонувони ҳунарманди деҳот аз иқдомҳои неку созандаи Пешвои миллат миннатдоранд ва бо ин роҳ бо гуруҳҳои ифротӣ мубориза мебаранд!

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Гулдараи  Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова бо иштироки занону модарон ва фаъолони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Абдуллоева Саёҳат-муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия дар самти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги ғайр, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,   даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани навхонадорон, ободию хуррамии маҳал, ҳамкории оила бо мактаб андешаронӣ карда шуд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат  мавсуф моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро  ба ҷамъомадагон фаҳмонида, аз онҳо баҳри дар амал татбиқ намудани  Аксияи номбурда дар  анҷоми корҳои хайру сахо, сохтмони иншоотҳои маишиву хизматрасонӣ дар маҳалли зист, ободонии маҳал,  бо шароити хуби таълимӣ фаро гирифтани фарзандон барои  соли нави хониш, дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷаманди ҷомеа  даъват ба амал овард.

Дар охир занону бонувони ҳунарманд ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон барои иқдоми навбатиашон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии занону бонувони деҳот изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg