БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёгардонии ҳунарҳои аҷдодӣ тавассути чорабиниҳо

КӮЛОБ. Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Нахуст, сокинон барои хонтирмон гузаштани чорабинӣ тайёрии хуб дида, ҳама намуди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои аҷдодон, ки ба мо мерос мондаанд, аз қабили гулдузӣ, зардузӣ, бофандагӣ, дузандагӣ, сӯзанӣ ва ғайра ба намоиш гузоштанд.

Аз чорабинии ташкилнамуда корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҷумъаев Убайдулло дидан намуда, барои ташкилкунандагони ин ҳамоиш изҳорӣ сипос намуд.

Бояд гуфт, ки дар маҳаллаи мазкур аз ҷониби соҳибкорон сехи дӯзандагии ҶДММ “Мунаввара” ташкил гардидааст, ки дар он аз ҷониби занони ҳунарманд ба духтарон ва занони хонашин ҳунари дӯзандагӣ, хусусан ҳунарҳои миллӣ омӯзонида мешаванд. Илова бар ин, барои хонандагони мактабҳои миёна дар ин коргоҳ сару либоси мактабӣ духта мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg