БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризму экстремизм: сабабҳои авҷгирӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Фарҳоди ҷамоати шаҳраки  Бохтариён бо сокинони маҳалла оид ба тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Масъулин зимнан  дар назди ҷамъомадагон оид ба сафарбар кардани сокинон ба сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерeи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳи мардум дар мавриди хатарҳои терроризму  экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳонидани онҳо аз паёмадҳои хатаровари гурӯҳҳои иртиҷоии  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ  дар роҳи мубориза бо онҳо, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл  ба фарҳангӣ бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани  корҳои хайру сахо ба хотири  рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, фаъол гардонидани шаҳрвандон  ва ҷалби  бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ, ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи  эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани  сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои  неки мардумӣ  дар  байни сокинон  бо мақсади тарбияи  ахлоқию маънавии ҷомеа, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ мебошанд, андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар рафти чорабинӣ намоиши ҳунарҳои дастӣ, ҳунарҳои кадбонугӣ, истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати деҳа ба маърази тамошо гузота шуданд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои боз ҳам равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ  дар баробари эълон намудани  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пойдории сулҳу оромӣ, мақсадҳои бунёдкоронаи ҲХДТ  ва муттаҳид намудани мардум атрофи ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg