БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БА МИЛЛАТ АМАЛИ НОБАХШИДАНИСТ! Изҳороти Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, қотеъона маҳкум намуда, ба аҳли оилаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ ва ба зарардидагони ин фоҷиа шифои комил таманно мекунад.

Ин амали ноҷавонмардона аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои дар кишари мо мамнуъ тарҳрезию дастур дода шудааст, ки эътирофи ДИИШ оиди ба зиммаи худ гирифтани масъулияти ин амали нангин бори дигар узви шабакаҳои байналмиллалии террористӣ будани онҳоро собит сохт. Ин амали бадномкунанда, ки аз ҷониби чанд ҷавони фурухташуда содир гардид,  бе ягон дудилагӣ метавон гуфт, ки на бар зидди давлату ҳукумат, балки бевосита бар зидди миллати сарбаланди тоҷик равона гардида буд. Зеро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз азал то ба имрӯз маълум аст, ки тоҷик миллати меҳмондӯсту меҳмоннавоз аст. Маҳз ҳамин хусусияти наҷиби инсондӯстиаш ӯро водор бо ободкорию созандагӣ намуда, соҳибэҳтироми ҷаҳониён гардонидааст.

Бахусус имсол, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, инчунин бо шарофати сулҳу оромие, ки дар кишварамон ҳукумфармост ва онро то Амрикову Аврупо эътироф намуда, шаҳрвандонашонро барои сайёҳату истироҳат ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, боиси рашку ҳасади бадхоҳони миллати тоҷик гардидааст.

Аммо бояд дар назар дошта бошанд, ки ин амали ноҷавонмардона бори дигар аз чигунагии ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ гувоҳӣ дода, суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар хусуси дину мазҳабу миллат надоштани террористон баён медоранд, тасдиқ сохтанд.

Ин ҳодисаи нангин бори дигар миллати тоҷикро аз азиз будану гиромӣ доштани арзишҳое чун сулҳ, ваҳдат, иттиҳоду ягонагӣ, муттаҳид будан атрофи Пешвои миллат башорат дод.

Аз ин рӯ, сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон минбаъд низ тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, ки дар самти огоҳ сохтани аҳолӣ аз хатари терроризму экстремизм, бахусус, чунин амали таҳрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ фаъолияти густурдатар дошта бошад ва мардуми сарбаланди вилоятро боз ҳам атрофи сиёсати башардӯстона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат аз ҳарвақта дида муттаҳидтар созанд.

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

шаҳри Бохтар, 31.07.2018.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg