ЁВОН.Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳо ва қадимтарин суннатҳои мардуми тоҷик аст, ки решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад. Суннатҳои мардумии аҷдодони мо, ки дар таҷлили Наврӯз ба зуҳур мерасанд, ба тарбияи аҳли башар равона гардида, бо гузашти айём аҳамияти бештарро касб мекунанд.































