БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мароми мо вусъати корҳои маърифативу тарбиявӣ

ШАҲРИТУЗ.Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар деҳаи Султонободи ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки раиси маҳаллаи деҳаи Султонобод Ниёзов Иброҳим, имомхатиби деҳа Зоиров Фахриддин ва фаъолони деҳаи номбурда баргузор гардид.

Хониши сиёсӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ муҳтарам Шаропов Ҳомидҷон, гузаронида шуда, дар рафти он оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, террористӣ ва экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар ва эълон шудани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, амалишавии Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, дар рафти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар муосидат раиси маҳаллаи деҳаи Султонобод Ниёзов Иброҳим, имомхатиби деҳа Зоиров Фахриддин бо фаъолони деҳа бо якдилӣ ба кӯчаҳои деҳа баромада, баҳри ободонии маҳалли зисти худ камари ҳиммат бастанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg