БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагӣ дар гуфтор, рафтор ва амал

КӮЛОБ.Вобаста ба нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “С. Айнӣ” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот бо аъзои ҳизб роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон, ҳамзамон роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “С. Айнӣ” Одинамадов Шамсиддин иштирок доштанд.

Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ дар баромади худ оид ба  пешравии  технологияи муосир ва тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карда, инчунин таъкид шуд, ки хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти  онҳо метавонад  оромии ҷомеаро халалдор намоянд.  

Дар рафти ин вохӯрӣ доир ба қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сухан рафта, оид ба  корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва  тозаву озода намудани гирду атроф таъкид шуд. Вобаста ба масъалаи мазкур ҳама кормандон ва омӯзгорон ба саҳни муассисаи таълимӣ баромада,  ба шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ машғул шуданд.

Дар фарҷом бо мақсади аёдати як нафар аз собиқадори  меҳнат Сафаров Ғуломалӣ, ки синни муборакаш ба 83 расидааст, дар якҷоягӣ кормандони масъули ҳизби ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “С. Айнӣ” Одинамадов Шамсиддин ба аёдат рафта,  аз ҳоли ӯ бохабар шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg