БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наврўзи мо ҷашни ҷаҳонӣ аст!

ПАНҶ.Дар маҳаллаи Сармантой-1-и ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ бо ташаббуси мардуми маҳал ҷашни бошукўҳи Наврўзи хуҷастапай таҷлил гардид. Ба ҳайати меҳмонони чорабинӣ Файзиев Каримҷон-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, Ғафуров Сайдамир- мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот, Ҳошимов Тоҳир- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии ҳизби ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.          

Нахуст Файзиев Каримҷон - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда, иштирокдоронро бо омад-омади Баҳори оламафрўз  ва Наврўзи хуҷастапай таҳният гуфта, ба ҳамагон таманниётҳои беназирро орзу намуд.

Чорабинии сокинон бо намоиши расму оинаҳои наврўзӣ, маҳсулотҳои ҳафтсину ҳафтшин, намоиши ҳунарҳои мардумии кадбонуҳо ва ҳунармандони маҳал роҳандозӣ гардид.

Пас аз баромадҳои судманд ташкилкунандагони чорабинӣ барномаи рангини фарҳангиро, ки аз маросимҳои гуногуни наврўзӣ иборат буд, пешкаши тамошобинон ва меҳмонон гардониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg