БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баҳри зиндагии шоиста дастаҷамъона талош меварзем.

Ш.ШОҲИН. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар  ташкилоти ибтидоии «Бойторӣ» бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор  гардид.

Сараввал мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Неъматов Абдуҷаббор оид ба мавзӯъҳои болозикр баромад намуда , ҳамагонро баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсиву фарҳангии мардум, алалхусус ҷавонону наврасон ва дар замири онҳо ҷой намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангии Тоҷикистон ва пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ ибрози андеша намуд.

Инчунин, мавсуф дар бораи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус баланд бардоштани масъулиятнокии шаҳрвандон доир ба  истеҳсоли барзиёди маҳсулоти ватанӣ     ва талоши дастрасии аҳолии кишвар ба ғизои хушсифат дар ростои гузариши иқтисодиёти мамлакатро  аз шакли аграрӣ- индустриалӣ ба индустриалӣ- аграрӣ суханронӣ намуданд.    

Анҷоми вохӯрӣ бо татбиқи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо тозаву озода намудани кӯчаҳои шаҳрак ва насби парчаму шиору овезаҳои ҷашнӣ бо дастгирии  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони  ҲХДТ ба охир расид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg