ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Зери ҳамин мафҳум масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар доираи "Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ" ва бо мақсади иҷрои корҳои фаҳмондиҳӣ ва тарғиби Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лолазор»-и ҷамоати деҳоти Ватан хониши сиёсӣ ва корҳои ободонӣ баргузор намуданд.