БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“ҶАВОНОН – НЕРӮИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР”

КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардотштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён чорабинии фарҳангӣ доир гашт.

Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷавононро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки мо, ҷавонони даврони Истиқлолият ба тамоми таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти кишвар фаро гирифта шудаем. Бояд, ки дониши сиёсии худро баланд карда, баҳри пешбурди имрӯзу фардои давлату миллат ҳаматарафа кӯшиш намоем.

Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавононро мебояд, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд.

Дар хотима аъзои фаъоли бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg