
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории ВИЧ/СПИД дар ноҳия чанде қабл бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва Маркази мубориза алайҳи бемории СПИД дар ташкилоти ибтидоии «Оби шифо» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Абдуллоева Саёҳат намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб атрофи ба Ватан баргардонидани 84 нафар фарзандони тоҷик аз давлати Ироқ, роҳандозии корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободии маҳал, пешгирии бемории СПИД, никоҳи хешу таборӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда шуд.
Ҳамзамон, директори Маркази пешгирӣ алайҳи бемории СПИД Ҷ.Алифов оид ба пешгирии роҳҳои ин бемории хатаровар ва гирифтории ин бемориҳо муфассал суханронӣ гардид.