БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ҲАМАДОНӢ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонон бо иштироки аъзои  фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и муассисаҳои таълимӣ ва Коллеҷи тиббии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси вилоят, Раиси ноҳия ва стипендияи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок доштанд,  ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода кушод.

Баъдан узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ  Одиназода Бозоралӣ Неъмат дар мавзӯъи  “Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем” баромад карда, тамоми ҷавононроба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфт.

Инчунин, дар идомаи чорабинӣ ба 8 нафар хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимӣ ва Коллеҷи тиббии ноҳия стипендияи таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  супорида шуда,  6 нафар донишҷӯёни фаъоли Коллеҷи тиббӣ бо Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg