ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Гулчин”-и деҳаи Гулчини ҷамоати деҳоти Навобод ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур масъулини ҳизбӣ дар мавзӯъи “Ободии кишвар аз ободии маҳал сар мешавад!” сухан намуда, қайд кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтааст ва бо пешниҳои Пешвои миллат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.