ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва дастгирии шахсони саховатпеша Нуралиев Нодир, Холов Барфихон ва Каримов Аҳлиддин дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳия тибқи дархосташон як тонна семент ва 30 тонна қум кӯмак расонида шуд.
































