БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДИ ВАБОИ АСР АСТ !!!

ВАХШ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ғайрат»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикбод дар мавзӯи «Фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷҷалобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон» хониши сиёсӣ доир намуд.

Нахуст зимни вохӯрӣ Одилҷон Маҳмадов Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сухан баромада қайд карданд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар баробари терроризм ва экстремизм яке аз сарчашмаҳои таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Боиси таассуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри 21 боқӣ мемонад ва ба муътадилии иҷтимоӣ-иктисодӣ ва сиёсии давлатҳову минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg