БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОБОДИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ЯК ГИРЕБОН САР БАРОВАРДАЕМ!

ВОКУНИШ. Аз ҷумлаи масоили асосие, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ва Пешвои муътабари миллат қайд гардид, таъкиди нооромии вазъи сиёсии ҷаҳони муосир буд.

       Аз таърих маълум аст, ки дар гузашта барои ноором гардонидани мамолики ҷаҳон лашкаркашони хунхор ба мисли Искандари Мақдунӣ, Чингизхон, Темури-ланг кӯшиш намуданд, лек ягон нафари онҳо ба муроди хеш нарасиданд.  Лашкаркашони номбурда дар асрҳои гуногун барои нест кардани мардуми тоҷик  ҷиддан машғул шуда буданд, аммо дар он давру замон мо мардони далеру ҷасур ба монанди Исмоили Сомонӣ, Темурмалик  ва Спитамен доштем ва онҳо ба ҳадафи худ расида натавонистанд.

       Дар даврони имрӯз ҳам, террористон ва хоҷагони онҳо беҳуда барои куштани мардуми бегуноҳ  даст мезананд. Ҳамаи онҳо ба мисли Искандару Чингизхон ва Темури-ланг мағлуб шуда, дар натиҷа мисли ҳайвон ҳалок мегарданд. Мо ба мисли Сомонию Темурмалик сарвари ҷасуру далер дорем ва дар пеши ин шахси бузург, Кабирию ҳоҷагони хориҷии ӯ ҳеҷ мебошанд.

        Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз назари ягон падарону бобоёни мо ҳаргиз дур намеравад, чунки террористон ва намояндагони ТЭТ ҲНИ ҳазорон мардуми бегуноҳро бо нияти баду бераҳмона ба қатл расониданд. Бо кӯшиши фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи орзуи пучу холии онҳо барҳам дода шуд, ки ҳар лаҳза аз сиёсати Пешвои муаззами миллат шукрона мегуем!

        Имрӯз ҳам, террористон ва намояндагони ТЭТ ҲНИ барои низоъ андохтан дар дохили кишвари азизи мо беҳуда кӯшиш менамоянд. Чунки сарвари ғамхори мо-Эмомалӣ Раҳмон ва дар радифи он мо ҷавонон намегузорем, ки ба Тоҷикистони азизамон як гарди бегона ворид шавад.    

Туйчиева С.Р, Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg