БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБ ДАР ОБОДИИ ВАТАН САҲМ МЕГУЗОРАНД

КӮЛОБ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо як руҳияи баланди ватандорӣ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми худро бевосита гузошта истодаанд.

Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Равшаннамоӣ” дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи ба номи И. Сомонӣ дар корҳои созандагию ободонӣ саҳм гузошта, роҳҳо ва ҷӯйборҳои гирду атрофи онро таъмир карда истодаанд.

Инчунин, тамоми ҳудуди боғро чароғон намуда, машғули корҳои гулу гулбутташинонӣ мебошанд. То ин дам дар ин боғи мазкур корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg