Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки Гулистон вохўриҳои худро пайваста рохандозӣ намуда истодаанд.
Зимни як вохӯрӣ масъулин оид ба самҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҳизб, мавриди амал карор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баромаду андешаронӣ намуда, дар фарҷоми вохўрӣ, вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботи- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба як нафар маъюб кумаки молиявӣ расонида шуд.