ҶАЙҲУН. Дар доираи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Лоҳутӣ” ва “Вахш” бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани манзилҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои болозикр ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №49-и Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ доир гардид.
БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ Гулмаҳмадзода Замир оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқоту вохӯрӣ баргузор карда шуд.
ВИЛОЯТ. Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маҷлиси умумии намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид ва дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб Дилафрӯзи Абдулло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Беҳрӯз Бобоев, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар аъзои ҳизб иштирок намуданд.
ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ”- и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ҷонибдорони ҳизб дар оромгоҳи деҳаи Дӯстӣ, ки воқеъ дар кӯҳи Хоҷамӯъмин ҷойгир аст, амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.
ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод” - и Ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январ, самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии бемори
Ш.ШОҲИН. Дирӯз якчанд нафар кормандони касбу кори гуногун бо аризаҳои хеш барои ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастан ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муроҷиат намуданд.
ПАНҶ. Бо мақсади шарҳу тафсири муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” бо аъзои фаъоли ташкилот вохӯрӣ доир карда шуд.
МУЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Муъминобод бо фаъолон ва истиқоматкунандагони кӯчаи Баҳори Ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба баррасии Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор гардид.
КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12