БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МОСТ!

МУЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Муъминобод бо фаъолон ва истиқоматкунандагони кӯчаи Баҳори Ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба  баррасии Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва амалишавии Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!»  баргузор гардид.

Дар мулоқот нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси  Олӣ, ки дар он самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дарҷ карда шудаанд,  аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  сокинон барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат, татбиқи  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон -Тоҷикистон равона гардидааст, раҳнамоӣ карданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи хизмати он, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи амнияти озуқаворӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолия давлатӣ ва моҳияти Аксияҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” ва “Беҳтарин сарфакори барқ!”  ба дарки ҳамагон расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg