ПАНҶ. Бо мақсади шарҳу тафсири муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” бо аъзои фаъоли ташкилот вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон доир ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар бар мегирад, суханронӣ намуда, афзуд, ки бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд. Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд. Сипас, дар охир чанде аз иштирокдорон фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба Паёми навбатӣ баён дошта, изҳор доштанд,ки дар татбиқи Паёми Пешвои миллат талош хоҳанд варзид.