ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ”- и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ҷонибдорони ҳизб дар оромгоҳи деҳаи Дӯстӣ, ки воқеъ дар кӯҳи Хоҷамӯъмин ҷойгир аст, амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.
Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ба тозаю озода кардани оромгоҳ машғул гардида, гирду атрофи оромгоҳро бо тури симин маҳкам намуданд. Инчунин, дар аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” 41 нафар аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок дошта, дар як қатор корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд.