АНДЕША. Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ, деҳқанат, барзгарӣ, фалоҳӣ ҳам маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳими истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мардумони ориёитабор яке аз аввалин кишоварзон будаанд.