КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мулоқот доир намуда истодаанд. Чунин мулоқот дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” доир гардида, масъулин дар рафти мулоқот қайд намуданд, ки тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беморӣ дар кишвар агарчӣ рӯй ба коҳиш оварда бошад ҳам, аммо ин маънои онро надорад, ки шаҳрвандон ба мавҷудияти хатарҳои беморӣ бепарво бошанд. Моро лозим аст, ки бояд ба таври ҷиддӣ дастурҳои табибонро риоя намоем.
Инчунин, дар рафти мулоқот аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар қитъаи заминҳои наздиҳавлигиро барои рӯёнидани зироати хӯрока истифода намуда, аз ҳоло барои рӯёнидани кишти такрорӣ ва ҳосили фаровон замина гузорем.