КУШОНИЁН. Бо сокинони деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти навбаҳор бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва кормандони Кумитаи иҷроия вохӯрӣ гузаронида шуд.
Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи 20- солагии Истиқлолияти ҷамоати деҳоти Фирӯза бо мақсади самаранок ҷамъбаст намудани Соли тақвияти робита бо маҳал бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Боғи Ҳабиби ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо сокинони деҳаи мазкур тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
КУШОНИЁН. Дар ноҳияи Кушониён гурӯҳи кории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
КӮЛОБ. Дар маҳаллаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб вобаста ба ҷадвали баргузории чорабиниҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева иштирок ва суханронӣ намуданд.
ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ОКТ 46” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
ЁВОН. Дар деҳаи Бош-Қайнари ҷамоати деҳоти Норин аслан мардуми ӯзбекзабон зиндагонӣ ва иқомат мекунанд, ки занони ҳунарманди ин мавзеъ бо ҳунарҳои волои худ дар миқёси ноҳия ва берун аз он шинохта шудаанд.
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Лоларухи ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар деҳаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Ваҳдат доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар мавзӯъи эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.
БАЛҶУВОН. Дар деҳаҳои Чорчашма ва Шағмони ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон тибқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаву маҳалаҳои ноҳияи Балҷувон аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва пешгирии ҳодисаҳои ном
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12