ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар деҳаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Ваҳдат доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар мавзӯъи эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.
Дар ин чорабинӣ ду нафар зани ҳунарманди деҳа Камолова Рӯзигул ва Холиқова Мавлуда ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд. Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов аз ҳунарҳои дастии ин бонувон дидан намуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд дод.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур занони ҳунарманд ваъда доданд, ки соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсули дастранҷи истеҳсолкардаашонро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар карда, ҳунарҳои мардумиро эҳё мекунанд.