БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсози ҷомеа

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ОКТ 46” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин баромад намуда, дар бораи таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он ҳарф зада,  зикр кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҳаёт татбиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида, бо қабули санадҳои гуногуни муҳими иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро саривақту босифат ҳал ва  эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти ҳизб  бештар гардонида истодааст.                   

Ҳамчунин, доир ба суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХХД  аз 16 феврали соли 2018 сухан намуда, қайд кард, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин самт салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст”.

Бинобар ин, ба аъзогии ҳизб намояндагони ташаббускори соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аҳли зиё, коршиносону сиёсатмадорон умуман фаъолони ҷомеа ҷамъ омада, барои амалигардии ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ саҳмгузор мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg