БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Июл 2018

Сокинон ба гурӯҳҳои террористӣ нафрат доранд!

ШАҲРИТУЗ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Носирзода Абдукарим хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Солимии ҷомеа пояи устувори давлату миллат аст!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии “Дармонгоҳ” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Мардум пурра бо самтҳои афзалиятнокифаъолияти ҳизбӣ шинос шуданд

ХОВАЛИНГ. Мувофиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Чепиволи ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат доир карда шуд.

Таҳкими раванди худшиносии миллӣ дар даврони Истиқлолият моро ба ихтироъкориву навоварӣ роҳнамоӣ намуда истодааст!

ҲАМАДОНӢ.  Дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимаи дуюми соли 2018 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва Муродалӣ Шамсов бо аҳолии деҳаи Ориёни ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрӣ гузарониданд.

Хониши сиёсӣ дар самти татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муасисаҳо  хониши сиёсии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, мудири   шуъбаи таблиғот, иттилоот  ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Боронов  Сабзаалӣ ва мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Раҷабов Ҷаҳонгир бо кормандони   Кумитаи иттифоқи  касабаи  соҳаи  агросаноатии  ноҳияи Темурмалик   доир гардид.

Мо амалҳои муғризонаи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки ба фазои орому зиндагии осудаи мардуми тоҷик бо чашми бад менигаранд, маҳкум мекунем!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар  ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбии «Телеком» ва «Хадамоти муҳоҷират» бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вохӯрӣ баргузор гардид.  

Ҳадафи аслии ҲХДТ – эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Барқчиён» дар якҷоягӣ бо кормандни ҳифзи ҳуқуқ  вохӯрӣ доир карда шуд. 

Шаҳрвандон найрангҳои ватанфурӯшонаи ҲНИ-ро маҳкум карданд!

КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолӣ” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузарониданд.

ҲХДТ-ҳизбе, ки пойдории миллат мароми ӯст…

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Кӯлоб” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола аст!

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон” бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои неки ниёгон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигораҳои ниёгон, кӯрпачаву кӯрпадӯзӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ намоиш дода шуда, ки аз ҷониби иштирокдорон  баҳои баланд ги

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg