БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии ҷомеа пояи устувори давлату миллат аст!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии “Дармонгоҳ” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимнан  Азизова Сабоҳат дар назди ҷамъомадагон оид ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар  ҳамчун Соли рушди сайёҳи ва хунарҳои  мардумӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВИЧ/Спид, Гепотити С, Сил, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани шаҳрвандони  аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, дар байни аҳолӣ гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа андешаронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф дар идомаи  суҳбат  иштирокдоронро аз  рафтору кирдорҳои  ватанфурӯшони миллат  огоҳ кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg