БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҳизбе, ки пойдории миллат мароми ӯст…

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Кӯлоб” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ба сухан баромада, қайд кард, ки баъди ҳазорсолаҳо соҳиби Ватан ва марзу буми худ гаштан орзуи деринтизорӣ миллати тоҷик буд. Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ормони халқи тоҷик амалӣ гашт. Имрӯзҳо мардум сарҷамъ гашта, даст болои қалб монда, бо ифтихор мегӯянд, ки мо соҳибватанем.

Дар ин миён моро мебояд, ки дар вазъияти ногувор ва давом ёфтани нооромиҳо дар кишварҳои алоҳидаи дунё бо такя ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ – ҳизбе, ки пойдории миллат мароми ӯст, ба қадру манзалати Ватани маҳбуби худ яъне Тоҷикистон азиз бирасем ва дар ин роҳ ҳидояти самимонаи Пешвои миллат, ки гуфтаанд: “Дӯст бошед! Иттифоқ бошед! Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед! Шукронаи ана ҳамин давлат кунед! Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!!!” шиори мо бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg