БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо амалҳои муғризонаи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки ба фазои орому зиндагии осудаи мардуми тоҷик бо чашми бад менигаранд, маҳкум мекунем!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар  ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбии «Телеком» ва «Хадамоти муҳоҷират» бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вохӯрӣ баргузор гардид.  

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, нақши волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ  карда, онҳоро барои амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба некӯаҳволии зиндагии мардум равона карда шудаанд, ҳидоят карданд.

Инчунин, дар охир  иштирокдорон бори дигар аз амалҳои муғризонаи  ҳизбу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки  фазои орому зиндагии осудаи мардуми тоҷикро  бо чашми ҳасуд менигаранд, огоҳ намуданд.

Баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳои судманд  дар ҳудуди  шаҳри Левакант бомаром ҷараён доранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg