БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хониши сиёсӣ дар самти татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муасисаҳо  хониши сиёсии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, мудири   шуъбаи таблиғот, иттилоот  ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Боронов  Сабзаалӣ ва мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Раҷабов Ҷаҳонгир бо кормандони   Кумитаи иттифоқи  касабаи  соҳаи  агросаноатии  ноҳияи Темурмалик   доир гардид.

Зимни хониши сиёсӣ  масъулин дар  мавзӯъи   ташвиқу тарғиби самтҳои             афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.

Доир ба суханронии Боронов Сабзаалӣ кормандони Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи агросаноатии  ноҳияи Темурмалик  Ҳасанов Сафаралӣ  ва Боронов Ҳайдар   андешаҳои худро баён карданд.

Дар ҷараёни хониши сиёсӣ аз иштирокдорон  даъват  карда шуд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ маълумотҳои гирифтаи худро  аз ин хониши сиёсӣ дар байни аҳолӣ  ташвиқу тарғиб намоянд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg