БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Июл 2018

Тарғии Аксияи “Якҷоя ҳал мекнем” дар байни сокинони маҳал

Ш.ШОҲИН. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда соли гузашта дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ тасис дода шуд. Ҳамчунин озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрукӣ барои воридоти таҷҳизот  ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ низ аз иқдомҳои босамари  пешгирифтаи давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди соҳа мебошад.

Таъмини ҳифзи сиҳатии омма яке аз ҳадафҳои муҳими ҲХДТ мебошад!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХД дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи минтақавии №1»-и ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсии ҳизбӣ оид ба расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аъзои ташкилоти ибтидоии болозикр бо иштироки кормандони

Хониши сиёсӣ ва оғози қисмати тарғиботии аксияи “Якҷоя ҳал мекунем!”

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон  бо иштироки муовини раиси-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Файзи Хуросон» бо аъзову кормандони он хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Пешгирии беморӣ воситаи беҳтарини солимии ҷомеа мебошад!

ХОВАЛИНГ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар маҷлисгоҳи китобхонаи марказии ноҳия дар байни занони фаъоле, ки аз ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия даъват шуда буданд, атрофи яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва масъулияти мардум хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Фаровонии дастархон аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста аст!

ҲАМАДОНӢ. Кормандои масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муродалӣ Шамсов ва Гадоӣ Сайдалиев бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Раёсати кишоварзӣ» вохӯри баргузор карданд.

Сокинон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳавасманданд

ФАРХОР. Дар маҳаллаи №4-и шаҳраки Фархор, ки дар ҳудуди он ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи «Истиқлол»  таъсис дода шудааст, сокинон бо ҳавасмандии хеле зиёд, намоиши ҳунарҳои мардумиро доир намуданд.

Покизагии муҳити зист баёнгари фарҳанги болои миллат аст

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузори хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.   

Дар пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ташаббуси бештар нишон диҳем!

ЛЕВАКАНТ. Дар толори Беморхонаи марказии шаҳри Левакант кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб бо аъзои ҳизб вохӯрӣ баргузор намуданд.

Фаъолони ҳизб дар сарсабзии Ватан саҳм мегузоранд

ПАНҶ. Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷараёни баргузории вохӯриҳоро, ки хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳо вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дарбар мегиранд, мутобиқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо ба роҳ мондааст.

Огоҳонидани мардум аз хавфу хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»-и шаҳр вохӯрӣ доир карда шуд. Дар ин вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ аз тарафи мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Фирдавс Ғафурзода ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” Сайфзода Шаҳло андешаронӣ карда шуд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg