ҲАМАДОНӢ. Кормандои масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муродалӣ Шамсов ва Гадоӣ Сайдалиев бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Раёсати кишоварзӣ» вохӯри баргузор карданд.
Зимни баргузории вохӯри раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда Орифзода Маҳдӣ дар мавзӯъи «Фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл» андешаронӣ намуд.
Баъдан Муродалӣ Шамсов ва Гадоӣ Сайдалиев атрофи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзони вилояти Хатлон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, инчунин моҳияти Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба иштирокдорон фаҳмониданд.