БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирии беморӣ воситаи беҳтарини солимии ҷомеа мебошад!

ХОВАЛИНГ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар маҷлисгоҳи китобхонаи марказии ноҳия дар байни занони фаъоле, ки аз ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия даъват шуда буданд, атрофи яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва масъулияти мардум хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Машғулиятро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Сайҷалол Сатторов кушода, ҳозиринро ба муҳтавои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва мавзӯъи суҳбат шинос намуд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷамшед Каримов, мутахассисони соҳаи тандурустӣ Сайнуриддин Зуҳуров, Файзалӣ Исупов оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла ВНМО/АНМО ва Гепотити С ба таври муфассал маълумот доданд. Ҷамъомадагон дар бораи омилҳои маъмултарини паҳншавии бемориҳои сироятӣ асбобҳои дуруст покношудаи духтури дандон, истифодаи асбобҳо ҳангоми сартарошӣ дар сартарошхонаҳо, ки боиси захмдор гардидани пӯсти сар мегардад, истифодаи сӯзандориҳои покнашуда, нашъмандӣ, алоқаи ҷинсии тассодуфӣ, сӯзандармонӣ дар алоҳидагӣ маълумоти пурра пайдо намуданд.

Дар хониши сиёсӣ таъкид гардид, ки ин бемори табобатнашаванда буда, марги ногузирро дар пай доранд. Аз ин рӯ интихоби тарзи ҳаёти солим роҳи осон ва бехатари солим нигоҳ доштани худ ва аҳли оила мебошад.

Ба иштирокдорони хониши сиёсӣ дастур дода шуд, дар нишастҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, хоса ба занону бонувон дар бораи ин бемориҳои сирояткунанда ва роҳҳои пешгирии онҳо суҳбатҳо доир намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg