БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳавасманданд

ФАРХОР. Дар маҳаллаи №4-и шаҳраки Фархор, ки дар ҳудуди он ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи «Истиқлол»  таъсис дода шудааст, сокинон бо ҳавасмандии хеле зиёд, намоиши ҳунарҳои мардумиро доир намуданд.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Маъмурбӣ Раҳимова ва Далер Раҳмонов  дар чорабини иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карданд.

Ҳунармандони маҳалла дар баробари намоиши ҳунарҳои мардумӣ, инчунин оши бурида тайёр намуда буданд, ки бо тамъи лазизаш ба иштирокдорон писанд омад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg